Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) масоили таҳияи лоиҳаи «Беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти рӯзи 9 март дар Душанбе намояндагони Бонк зикр карданд, ки барномаи пешниҳодгардида барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 50 млн доллар пешбинӣ гардидааст.
Ҳадафи аслии барномаи мазкур ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва занон, беҳтар намудани низоми баҳисобгирии корхонаҳои хурду миёна, инчунин рушди рақамикунонӣ ва тиҷорати электронӣ унвон шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми умумии кумакаш зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ беш аз 1,9 млрд доллар ба сифати грант дода шудааст.
Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?
Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста