Рӯзи 27 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистонро гӯиё барои “сафедкунии терроризм” боздошт карданд. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 205.2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, айни замон масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи тафтишот дар Санкт-Петербург хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Astra, айбдоршаванда Баҳодур Зуҳурови 26-сола аст. Ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар навори нашршудаи Кумитаи тафтишот ӯ маъзарат хоста, мегӯяд, ки “ин кор дигар такрор намешавад”.
Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи Телеграм навори ҳамла ба “Крокус”-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Маълум нест, ки кадомашро маҳз Зуҳуров нкавиштааст ва воқеъан ҳам ӯ нашр кардааст ё не.
Мувофиқи айбнома тибқи моддаи 205, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, ба ӯ ҷазоиаз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Қаблан маълум шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Файзуллохонзодаро аз Русия хориҷ мекунанд. Гӯиё ӯ узви гурӯҳе дар шабакаи Телеграм будааст, ки тариқи он гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ба анҷоми амали террористӣ ҷалб шудаанд.
Ӯ ҳамчунин ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ бурда шудааст. Дар ин бора рӯзи 27 март роҳбари хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург Даря Лебедева хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Файзуллохонзода барои нақзи қонунгузории муҳоҷират (қ.2, модд. 18.8 КҲМ ФР) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Нимаи моҳи январ ӯ ба Русия омада, патенти кор мегирад, лекин худро на аз рӯи суроғаи маҳалли зисти воқеӣ ба қайд мегузорад. Аммо, таъкид мекунад Лебедева, кормандони сохторҳои қудратӣ ба ин кор начандон таваҷҷуҳ доштанд.
“Файзуллохонзода дар Телеграм узви гурӯҳе буд, ки дар он намояндагони созмони террористии ДОИШ шахсонро барои анҷоми амали террористӣ дар Русия ҷалб мекунанд. Афроде, ки рӯзи 22-юми март дар “Крокус Сити Холл” амали террористӣ содир намуданд, ба ҳамин гурӯҳи интернетӣ ба ин кор ҷалб шуда буданд”, - менависад Даря Лебедева.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста